Некрӯз Назирзода - Писари иблис Наримон. 8

Писари иблис Наримон. 8
Название: Писари иблис Наримон. 8
Автор:
Жанр: Книги для детей
Серии: Нет данных
ISBN: Нет данных
Год: Не установлен
О чем книга "Писари иблис Наримон. 8"

«Писари иблис Наримон» афсона бо забони тоҷикӣ барои кӯдакону наврасон. Дар ин афсона саргузашти як писараки ғайриоддӣ тасвир карда шудааст. Он писарак фарзанди иблис ва инсон. Дар вуҷуди ӯ қувваҳои ҳам иблис ва ҳам инсонӣ зиндагӣ мекунад. Аз ин ду қувва якеаш бояд ғолиб ояд. Кадомаш ғолиб меояд? Равшанӣ ё зулмот? Иблисон ба тарафи худ, афсунгарон ба тарафи худ. То чордаҳсола дар мамлакати иблисон. Наримон кадом роҳро интихоб менамояд?Инро дар китиби афсонаи «Писари иблис Наримон» мехонем.

Бесплатно читать онлайн Писари иблис Наримон. 8


© Некрӯз Назирзода, 2020


ISBN 978-5-4498-1908-6

Создано в интеллектуальной издательской системе Ridero


Ба Фархунда Зуҳурова, ки олами афсонаҳоро дӯст медорад.

писари иблис

Наримон


Назирзода Н. Ғ

Фасли якум

Кӯдаки деринтизор ба дунё омад

Рӯзе як писараке ба дунё омад. Писараке, ки таваллуди он ҳамаашро аз доира баровард. Ӯро Наримон мегуфтанд. Наримон писараки ғайриоддӣ буд. Ӯ зурриёди иблис ва инсон буд, ки падари ӯ яке аз иблисҳо, модар бошад, як зан. Дар вуҷуди Наримон ду зот мубориза мебурд, инсон ва иблис. Ҳама медонист, ки аз ин ду қувва якеаш ғолиб меояд ва Наримон дар тарафи ҳамон ғолиб мешавад. Аммо худи Наримон кӣ шудан мехоҳад? Инсон ё иблис? Хисдатҳои иблисӣ пурқудраттаранд ё инсонӣ? Зулмот ғолиб мегардад ё равшанӣ?

Падари Наримон ба қудрати калон соҳиб буд. Ӯ Камар ном дошт. Гарчанде, Камар иблис бошад ҳам, аз намуди зоҳирӣ ба иблис монанд набуд. Ӯ чашмон ва мӯйҳои сиёҳ, қаду қомати боқувват ва тақрибан чилу панҷ сола менамуд.

Модар бошад як инсони оддӣ буд. Ӯ Мариям ном дошта, мӯйҳои ҷингилаи норинҷӣ, чашмони ҷигарии паст, қадду қомати хароб дошт. Пас аз таваллуди Наримон Мариям писарашро гирифта, ба шаҳри дигар бо он мақсаде, ки Камар онҳоро наёбад, рафт. Мариям медонист, ки агар Камар Наримонро ёбад, ба мамлакати иблисҳо мебарад. Ба он ҷое, ки зулмот ва беадолатӣ ҳукмронӣ мекунад. Он ҷое, ки меҳру муҳаббат, орзую умедро намедонанд. Он ҷое, ки иблисҳои ба хун ташна зиндагӣ мекунанд. Мариям метарсид, ки писараш дар тарафи онҳо мешавад..

Як шаб ба назди хонаи Мариям як паррандаи калони уқобмонанди сиёҳ, ки чашмони даҳшатноки зард дошт, парида омад ва ба назди дари хонаи дуошиёна нишаст. Парранда оҳиста баланд шуда, болҳо ва парҳои ӯ ғоиб шуданд ва ӯ ба одам табдил ёфт. Ранги зарди чашмон оҳиста ғоиб гаштанд. Ӯ Камар буд, ки дар тан либоси сиёҳи дароз дошт. Камар ба хонаи Мариям омад. Ӯ дасташро дароз карду ба дар дасташро нарасонд, аммо дар худ аз худ кушода шуд. Камар оҳиста ба хона даромад. Хона тип – торик буд ва чизеро дида намешуд. Камар дасти росташро каф ба боло карда кушод ва кафи ӯ оҳиста сурх шуду дар болои каф худ аз худ оташ дар гирифт. Бо равшании ҳамон оташ ӯ оҳиста ба ошиёнаи дуюм, ки ҳуҷраи Мариям буд, баромад. Ба назди ҳуҷра омада кафашро пӯшид ва оташ ғоиб шуд. Камар дастаки дарро дошта, кӯшиш намуд, ки кушояд аммо дар қулф буд. Ӯ ба дастаки дар нигоҳ карда, муддате истод. Чашмони ӯ ба ранги зард табдил ёфтанд, ки гӯё дар даруни чашмон оташ аланга мезад. Дар худ аз худ якбора калон кушода шуд. Вақте, ки Камар даромад, дар он ҷо низ касе набуд ва хуҷра холию торик буд.

Ногаҳон тирезаи ҳуҷра кушода шуд ва ба хона нури сафед аз тиреза оҳиста ворид шуд, гарчанде нисфи шаб буд. Аз тиреза ба ҳуҷра як паррандаи зебои аҷибе, ки ранги сафед дошт, болзанон даромад. Парранда ба Камар наздиктар парида омаду, ба замин нафаромада, дар ҳаво ба духтаре табдил ёфт. Ӯ малика Алфинур буд. Малика Алфинур маликаи нури замин буд. Ӯ хеле зебо, дар тан либоси сафеди дароз, мӯйҳои дароз, чеҳраи нурангез ва дар сар тоҷи сафед дошт, ки дар болои тоҷ як санги кабуд зеб медод.

– Маликаи нур – Алфинур— гуфт Камар —Ҳуш омадӣ!

Малика Алфинур бо овози фораму ҷарангдораш гуфт:

– Камар, медонистам, ки Наримонро кофта меоӣ. Вақти деринтизори мо фаро расид. Он писар ба дунё омад, он писаре, ки тамоми дунёро тағйир медиҳад. Камар, ту бояд Наримонро то ба синни ҳаждаҳсолагиаш ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорӣ. Аз ҳама зиёд ӯро аз Авранг эҳтиёт намо. Аврангро ту хуб медонӣ ӯ барои мақсади худ ҳама монеъаҳои дар роҳ бударо нест менамояд ва Наримон монеъаи бузург дар роҳи ӯ аст. Авранг инро медонад

– Ман бояд чӣ кунам малика Алфинур? – пурсон шуд Камар —Оё Наримонро ба Тирагоҳ набарам? Оё дар он ҷо барои Наримон таҳдид калон аст? Авранг ба ман шарти ягонаи зинда доштани Наримонро гуфт. Он ҳам бошад, Наримонро ба замини иблисҳо бурда, ҳамчун иблис ба воя расонидан. Баракс Авранг Наримонро мекушад. Ман дар ноилоҷӣ мондам малика Алфинур— оҳи чуқур кашид Камар.

– Ту Наримонро ба Тирагоҳ бубар Камар— гуфт малика Алфинур —Бигузор, ӯ дар наздат бошад. Дар берун ӯро таҳдидҳои зиёдтар интизор аст. Ту барои зинда мондани Наримон ба ҳама шартҳои Авранг розӣ шав. Авранг пурқудрат аст ва аз дасти ӯ ҳама чиз меояд. Ягона наҷод- ризогӣ аст. Авранг кӯшиш мекунад, ки Наримонро ҳамчун иблис ба воя расонад. Ӯ медонад, ки дар вуҷуди Наримон ду қувва, инсоният ва иблисӣ рақобат мекунад аммо худи Наримон то синни ҳпждаҳ кӣ буданро аниқ мекунад. Худи ӯ тарафро интихоб менамояд, ё зулмот ё равшанӣ. Ман аз рӯзи таваллуд Наримонро аз назари худ дур накардаам ва медонам, ки Мариям ӯро ба куҷо бурд. Агар хоҳӣ, туро мебарам.

Малика Алфинур дасташро ба Камар дароз кард. Даме ки Камар дасти малика Алфинурро дошт, ҳарду якбора ғоиб шуданд.

Дар шаҳри дигар, дар як ҳуҷраи торик Наримон хоб мекард. Ӯ ҳоло кӯдакчаи нозукакак буд. Аз ҳама чиз бехабар, ором нафас мекашид.

Мариям ногаҳон бедор шуд ва ба ҳар сӯ нигоҳ кард. Сипас ба кӯдаке, ки дар ҷойгаҳи хурдакаки худ оромона хоб мекард, нигоҳ кард. Мариям ташнагиро ҳис карда, барои об нӯшидан баромад ва дарро кушода гузошт. Шуълаи моҳтобе, ки аз тиреза медаромад хонаро нимравшан месохт. Ба он шӯъла тобхӯрон аз дари нимкушода як мори сиёҳу дарозе ба хона даромад. Мор оҳиста ба кӯдак наздик шуд. Ӯ ба назди кӯдак омаду худро печонида, сарашро бардошт.

Ҳамон вақт кудак чашмонашро кушод, ки чашмони ӯ зап – зард буданд.

Мариям ба хона даромад ва манзараи дар хона бударо дида, ба чашмони худ бовар намекард. Дар хона Камар ва дар даст ӯ кӯдак Наримон меистод.

– Камар— гуфт Мариям дар ҳайрат —Не, ту ин тавр карда наметавонӣ. Ту Наримонро аз ман гирифта рафта наметавонӣ!

– Ман маҷбурам Мариям— гуфт Камар —Агар ман Наримонро ба Тирагоҳ набарам, Авранг ӯро мекушад. Ҷои ягона барои зинда мондани фарзандамон- ин Тирагоҳ аст!

– Дар он ҷо зиндагӣ кардан чӣ суд? – гуфт Мариям —Дар он ҷо фақат зулмат ҳукмронӣ мекунад. Наримон мисли онҳо калон мешавад. Беҳтараш, Наримонро ба ман деҳ. Ман ӯро гирифта ба ҷойҳои дур меравам. Ба он ҷое, ки моро ҳеҷ кас ёфта наметавонад.

– Ту Аврангро намедонӣ— гуфт Камар —Агар ҳозир ман бе Наримон ба Тирагоҳ дароям, маро ҳам, Наримонро ҳам мекушад. Авранг гуфтагиашро иҷро мекунад ва ба ӯ на ман ва на ту муқобилият нишон дода метавонем.

– Ин тавр бошад аввал маро кушта рав— гуфт Мариям —Акнун ҳаётам мазмун гирифт. Он мазмунро аз ман нагир Камар!

– Маро бубахш Мариям— гуфт Камар ва кӯдак дар даст дардуи онҳо ғоиб шуданд.

Мариям бошад, гирякунон ва додзанон ҳама чизҳои хонаро чаппа роста мекард. Чизи рост омадаашро ба девор мезаду бо овози баланд мегуфт:

– Лаънат ба ҳаммаи шумоён! Лаънат!

Камар дар назди як кӯҳи баланде пайдо шуд. Наримон дар дасти Камар оромона хоб мекард. Кӯҳҳои баланди гирду атроф дар нури моҳтоб намоён буданд. Ҳама ҷо сокин ва ягон овозе ба гӯш намерасид. Камар ба кӯдак нигоҳ карду гуфт:


С этой книгой читают
В одном городе, не таком уж большом, как вы могли бы себе представить, но и не слишком маленьком, как вы могли бы подумать, на самой его окраине жили два карапуза. В детский сад им ходить было вроде как уже поздно, а в школу – вроде как ещё рано. Так или иначе, но в детском саду они никогда не были, а в школу ходить вовсе и не собирались. Им завидовала вся детвора в округе и вообще все дети, кто хоть раз краем уха слышал про них. Потому что ЖИЛИ
Солнце спряталось за тучку, Дождь по крыше пробежал. Мы прочтём с тобою книжку, Чтобы дождик перестал. Пробежимся по страничкам, Прочитаем по слогам. И на лужицах водичка Испарится тут и там. nadja drebert
Вниманию Читателя предлагается сказка «Лишь два города на Земле…». Книга рекомендована взрослым и детям старшего возраста.
Мальчик во сне попадает из современного времени в чудесную сказочную страну, населенную человечками-джинджербрэдами. Благодаря своей открытости, доверчивости и искренности, он помогает им в первой части повествования спасти сказочный цветок, а во второй – победить грозных зеленых завоевателей – полчища саранчи. Рекомендовано для внеклассного чтения.
Владимир Голубев сумел объединить в своём лице сразу две характеристики, говорящие о заслуженной писательской славе – «талант от Бога» и «фантаст без отрыва от производства». Он издавался преимущественно в литературных журналах и альманахах, но что это были за издания – один только «Полдень. ХХІ век» Стругацких многого стоит. Вторая характеристика тоже кое-что да значит – Владимир Голубев никогда не был профессиональным писателем, он всю жизнь ра
Если твоя судьба – оставаться бесправным существом, примешь ли ты такую судьбу? И на что ты готов пойти, чтобы изменить ее? Орк Шрам присоединяется к поискам ведьмы, которую ищут уже многие. Но именно ему она является во снах, рассказывая о своем прошлом, которое почему-то совсем не похоже на то, что рассказывают служители Церкви Судьбы. Шраму придется пройти дорогами ведьмы, чтобы узнать, что связывает маленького сироту, пленного мага по кличке
Что делать, если в стране, с которой еще не налажены политические контакты, пропадает любимый муж, а увиденное предсказание сулит страшную беду всему миру? Только одно: следовать своему предназначению, какие бы опасности не поджидали на этом сложном пути, и использовать все возможности для спасения любимого. Даже если для этого придётся отправиться в прошлое. Первая книга: По следу Жезла 1. Богиня Луны Древнего народа. Наталья Корепанова Вто
Почти 10 лет Интерпол шел по следу международных охотников за бриллиантами, но не смог найти их главаря. 10 лет назад Андрей Исаев стал сотрудником Интерпола, Алекс Ресль — одним из наиболее перспективных актёров театра и кино, а высокопоставленный российский чиновник чуть не потерял дочь, которая сходила с ума из-за актера. Что связывает эти события? Казалось бы, ничего. Но Интерпол по-прежнему ищет главаря, Андрей будет вынужден ввязат